Adana Adıyaman Afyon Ağrı Aksaray Amasya Ankara Antalya Ardahan Artvin Aydın Balıkesir Bartın Batman Bayburt Bilecik Bingöl Bitlis Bolu Burdur Bursa Çanakkale Çankırı Çorum Denizli Diyarbakır Düzce Edirne Elazığ Erzincan Erzurum Eskişehir Gaziantep Giresun Gümüşhane Hakkari Hatay Iğdır Isparta İstanbul İzmir K.Maraş Karabük Karaman Kars Kastamonu Kayseri Kırıkkale Kırklareli Kırşehir Kilis Kocaeli Konya Kütahya Malatya Manisa Mardin Mersin Muğla Muş Nevşehir Niğde Ordu Osmaniye Rize Sakarya Samsun Siirt Sinop Sivas Şanlıurfa Şırnak Tekirdağ Tokat Trabzon Tunceli Uşak Van Yalova Yozgat Zonguldak
Mardin °C

Ба истифода додани маркази ташхисию табобатии “Тибби Равшан” дар маркази деҳоти Овчиқалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Ба истифода додани маркази ташхисию табобатии “Тибби Равшан” дар маркази деҳоти Овчиқалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
REKLAM ALANI
02.04.2023
A+
A-

 

 

 

Ба истифода додани маркази ташхисию табобатии “Тибби Равшан” дар маркази деҳоти Овчиқалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

.2023 , ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Дар маркази деҳоти Овчиқалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ифтитоҳи коргоҳҳои истеҳсолӣ ҳамзамон бинои хуштарҳу замонавии маркази ташхисию табобатии “Тибби Равшан”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Иншоот дар доираи тадбирҳои созандагӣ ба истиқболи ҷашни 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо саҳми соҳибкори ватанӣ, сокини деҳоти Овчиқалъача Алишер Ҳайдаров сохта шуда, аз ду ошёна ва таҳхона иборат мебошад.

 

 

 

 

 

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин ҷо нахуст бо шароити кории маркази навбунёди тиббӣ, аз ҷумла ҳуҷраҳои корӣ ва дастгоҳу таҷҳизоти муосир шинос шуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар марказ барои муолиҷа кардани беморон мутахассисони ботаҷриба ҷалб гардида, хизматрасонии тиббӣ дар сатҳи зарурӣ анҷом дода мешавад.

Бинои маркази ташхисию табобатии “Тибби Равшан” бо тарҳи хеле зебо ва ҷавобгӯи талаботи сохтмонию меъморӣ сохта шуда, дорои 7 ҳуҷраи ташхисию муолиҷавӣ ва 4 ҳуҷра бо 11 кати хоб мебошад, ки ҳамаи онҳо бо мизу курсӣ ва дастгоҳу таҷҳизоти зарурии ташхисию табобатӣ таъмин мебошанд.

Дар ин маркази навтаъсиси тиббӣ 15 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи корӣ доимӣ таъмин шуданд.

Дар таҳхонаи бинои маркази навтаъсиси ташхисию табобатӣ ҳуҷраҳои физиотерапевтӣ амал менамояд, ки бо рахти хоб ва дастгоҳу таҷҳизоти замонавӣ таъмин мебошад.

Мувофиқи лоиҳа дар ошёнаи якуми иншоот ҳуҷраҳои ултрасадо, рентгени рақамӣ, асабшиносӣ, ҳуҷраҳо барои табобати бемориҳои амрози даруна, ҳуҷраи дандонпизишкӣ, ташхисгоҳ ва ҳуҷраи табобатии амрозӣ занона ҷойгир буда, дар ошёнаи дуюм барои ба табобат фаро гирифтани сокинон 11 кати хоб бо шароити муосир таъмин гардидааст, ки табибон бо истифода аз дастгоҳу технологияи пешрафта ва муносибати хуб ба сокинон хизматрасонии босифату бенуқсони тиббӣ мерасонанд.

Сокинони деҳоти Овчиқалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз таваҷҷуҳ ва дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва вусъати тадбирҳои бузурги ободонӣ дар марказ, инчунин бунёду ба истифодадиҳии майдони парчами давлатӣ, бинои муосири тиббӣ, коргоҳҳои истеҳсолӣ ва дигар инфрасохтори зарурӣ, ки барои беҳдошти сатҳи зиндагии мардум нигаронида шудааст, изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.

facebooktwitter

kaynak:http://www.president.tj/node/30408?utm_source=dlvr.it&utm_medium=twitter

 

 

 

REKLAM ALANI
YORUMLAR

Henüz yorum yapılmamış. İlk yorumu yukarıdaki form aracılığıyla siz yapabilirsiniz.